ДАР ҶТ БАРОИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МОДАРУ КӮДАК ТАДБИРҲО АНДЕШИДА МЕШАВАНД

Декабрь 29, 2008 09:45

         Душанбе,  29  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Олег  Соболев). – Дар  Тоҷикистон  барои  ҳифзи  саломатии  модару  кӯдак   ва  таъмини   бехатарии  таваллуд  тадбирҳои  судбахш  андешида  мешаванд. Бо ин  мақсад  нақшаи  миллии   тадбирҳои  зарурӣ  таҳия карда  шудааст. Ҷараёни  иҷрои  нақшаи  мазкур   дар   машварати роҳбарону намояндагони муассисаҳои тиббӣ,   духтурон,  олимон, кормандони   намояндагии  Созмони  ҳамкории  техникии Олмон  дар  Тоҷикистон,  муассисаи  «Рушди  соҳаи  саломатӣ» ва  муассисаи наҷоти  атфоли  СММ муҳокима  карда  шуд. Дар  он  вазъи  имрӯзаи  таъмини   бехатарии  таваллуд, роҳу  усулҳои  самарабахши  иҷрои  нақшаи миллии  тадбирҳои таъмини  саломатии  модару  кӯдак,   вазифаҳои  марбут  ба   беҳтар  сохтани  хизматрасонии  тиббӣ  ва  ғайра  баррасӣ карда шуданд. Дар  машварат  ба  масъалаи   тайёр  кардани  кадрҳои   мутахассиси  соҳа  диққати  махсус  дода шуд. Қайд карда  шуд, ки  маблағҳои  калони  молиявӣ,   харидани  таҷҳизоти  навтарини  тиббӣ  ва  ҷорӣ  намудани  меъёрҳои  ҷаҳонӣ  дар  соҳа   бе  мавҷудияти  кормандони   варзида ва  касбӣ  ягон   самараи  дилхоҳ  дода  наметавонад. Тасодуфӣ  нест, ки   дар   нақшаи  миллӣ  ба  ин  масъала  диққати  махсус  дода  шудааст. Айни  ҳол  дар  Тоҷикистон  аз  ҳар  160  модаре, ки  кӯдак  таваллуд  кардааст, як  нафар   бо сабабҳои  гуногун   вафот  мекунад.  Ҳол  он  ки  дар  мамлакатҳои  мутараққӣ  аз  ҳар  18  ҳазор  модар  1  нафар вафот  мекунад. Иштирокчиёни  машварат   барои   сари  вақт  иҷро  намудани  тадбирҳои  нақшаи  миллӣ  дар   давраи  то соли  2014  пешниҳодҳои  муфид ва  мушаххас  ба  миён  гузоштанд.  

Декабрь 29, 2008 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад