ДАР ҶУМҲУРӢ 2849 ГЕКТАР БОҒ БУНЁД КАРДА ШУД

Декабрь 27, 2008 12:25

             Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, то 1-уми ноябри соли 2008 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 2849,2 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки ин нисбат ба «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи боғутокпарварӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2010» ба андозаи 2,3 баробар зиёд аст. Аз масоҳати умумии боғҳо 1189 гектараш мевагиҳои тухмдор, 1287 гектар донакдор, 95 гектар мағздор ва 277 гектар субтропикӣ мебошанд. Аз миқдори умумии боғҳои нав 358 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудааст.                 Дар давоми соли ҷорӣ 690 гектар токзори нав низ буёд карда шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 43,4 фоиз зиёд мебошад.

Декабрь 27, 2008 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад