ДАР АМРИКО 1150-СОЛАГИИ РУДАКИРО ҶАШН ГИРИФТАНД
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова).- Бо ташаббуси Намояндагии доимии ҶТ дар Созмони Милали Муттаҳид дар донишгоҳи бузургтарини шаҳри Ню-Йорк-Колумбиё дар мавзӯи «Ҳаёт, эҷодиёт ва ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» мизи мудаввар баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, дар ин чорабинӣ олимони шинохтаи Амрико, аз ҷумла профессор ва раиси Маркази эроншиносии Донишгоҳи Колумбиё Эҳсон Ёршотир, профессори Донишгоҳи давлатии Оҳайё Парвона Пуршариати, профессори Донишгоҳи Сан Ҷони шаҳри Ню-Йорк Ҳабиба Раҳим ва дигарон иштирок намуданд. Профессорон Ёршотир ва Таботабоӣ бо хондани даҳҳо қасидаву шеърҳои Рӯдакӣ конфронсро ба як фазои рӯдакишиносӣ табдил доданд, ки ин ба тамоми иштирокчиён хуш омад. Иштирокчиён аз Намояндагӣ хоҳиш карданд, ки минбаъд дар якҷоягӣ бо шарқшиносон ва Маркази эроншиносии Донишгоҳи Колумбиё чунин маъракаҳоро бештар баргузор намояд. Намояндагӣ ба ҳамаи интирокчиёни конфронс брошюраҳо оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ ва китобчаҳои ашъори Рӯдакиро бо забонҳои форсию англисӣ такдим кард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






