ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ БИНОҲО БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАНД
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар арафаи Соли Нави мелодии 2009 дар пойтахт 3 бинои 12-ошёнаи 65-ҳуҷрадор ва як бинои 5-ошёнаи 60-ҳуҷрадор воқеъ дар кӯчаи Навбаҳор, ду бинои 9-ошёнаи 80-ҳуҷрадор дар кӯчаҳои Н.Қарабоев ва Ҷомӣ, 2 бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Испечаки пойтахт ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, корҳои мустаҳкамкунӣ ва таъмири асосии мактаби №54-и ноҳияи Сино, сохтмони корпуси иловагии мактаби №5-и ноҳияи Фирдавсӣ ба анҷом расонида мешавад. Инчунин, корҳои муҳандисию коммуникатсионӣ, аз қабили таъмири хати берунаи обпартои қисми марказии шаҳраки 193-и маҳаллаи Ховарон, таъмири асосии Маркази саломатии №6, барқарорсозии дегхона ва низоми дохилии гармидиҳии Маркази саломатии шаҳрӣ, гармидиҳии таваллудхонаи №3-и пойтахт, барқарорсозии дегхонаи мактаби №75-и шаҳри Душанбе, азнавсозии хиёбони Ҳ. Шерозӣ ва таҷдиди баъзе қисмати роҳҳои пойтахт анҷом дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






