ДАР БАДАХШОН САБЗИШИ НАВЪҲОИ ГАНДУМ АЗ 95 ТО 100 ФОИЗРО ТАШКИЛ ДОД
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ Давлатҷон Комилзода, дар қитъаи таҷрибавии заминҳои «Рӯшон»-и ноҳияи Рӯшон ва хоҷагии деҳқонии «Ҷумъа»-и ноҳияи Роштқалъа корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба «Омӯзиши навъҳои гандуми маҳаллӣ ва хориҷӣ аз рӯи нишондодҳои ҳосилнокӣ, тобоварӣ ба шароити маҳал, устуворӣ ба касалиҳою ҳашароти зараррасон» давом дорад. Дар қитъаи таҷрибавии «Рӯшон» 12 навъи гандуми аз хориҷи кишвар овардашуда ва 2 навъи гандуми маҳаллӣ кишт карда шудааст. Сабзиши ин навъҳои гандум дар тирамоҳ аз 95 то 100 фоизро ташкил дод ва ҳамаи растаниҳо пеш аз зимистонгузаронӣ хуб нумӯъ ёфта, панҷа заданд. Баъди панҷазании пурраи растаниҳои киштшуда, дар фасли зимистон хавфи нобудшавӣ аз сардӣ ва барф кам мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






