ДАР БАЙНИ ДУШАНБЕ ВА БОКУ РОҲИ ҲАВОӢ КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Тибқи хабарҳои аз пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон расида, 20 декабр дар байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар — шаҳрҳои Душанбе ва Боку роҳи ҳавоӣ кушода мешавад. Айни ҳол намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии «Роҳҳои ҳавоии Озарбойҷон» баррасӣ менамоянд. Масъалаи мазкур рӯзҳои наздиктарин пурра ҳал карда мешавад. Сардори Раёсати умумии ҳавонавардии мулкии вазорати нақлиёт ва алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Соҳибов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки роҷеъ ба ин масъала ба унвони Ҷамъияти саҳомии «Роҳҳои ҳавоии Озарбойҷон» мактуби махсус фиристода шудааст. Вазорат айни ҳол интизори ҷавоби ҳамин мактуб мебошад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






