ДАР БОЗОРҲОИ ҶУМҲУРӢ НАРХИ ОРД КАЙ БА ТАНЗИМ ДАРОВАРДА МЕШАВАД?

Декабрь 5, 2008 10:27

        Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Яке аз сабабҳои паст шудани нархи орду гандум ин дар биржаҳои ҷаҳонӣ коҳиш ёфтани нархи онҳо мебошад. Бо мақсади ба танзим овардани бозори истеъмолӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо орд, тақвият додани иқтидори корхонаҳои коркарди ғалладона ва ҳавасманд гардонидани соҳибкорон барои зиёд шудани ҳаҷми воридоти ғалла, инчунин паст намудани нархи он бо пешниҳоди Вазорати иқтисод ва савдо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» воридоти гандум ва таҳвили он бо андоз аз арзиши иловашуда бо меъёри 10 фоиз андозбандӣ карда мешавад, қабул гардид. Ҷиҳати пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати носолим, мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ дар асоси рушди рақобат ва соҳибкорӣ,  кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҳолати рақобатро дар бозори молӣ муайян намуда, аз ҷумла бозори фурӯши маҳсулоти орд ва гандумро  мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар моҳи ноябри соли ҷорӣ нархи фурӯши чаканаи навъи якуми орди (истеҳсоли Қазоқистон) 103 то 115 сомонӣ ва орди навъи дуюм 95 то 100 сомонӣ аст. Ин нишондод нисбати моҳи сентябри соли равон 12,5 фоиз паст мебошад. Омӯзишу таҳлили ҳолати рақобат дар бозори фурӯши маҳсулоти орд ва гандум тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Тибқи маълумоти расмии Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ дар даҳ моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 443,8 ҳазор тонна орд ва 184, 2 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст.  Инчунин, дар ҳамин давра 16,9 ҳазор тонна орд ёрии башардӯстона ворид шудааст, ки ин нишондод нибати ҳамин давраи соли 2007 — 9 ҳазор тонна зиёд мебошад. Мувофиқи тадқиқоти меркетингӣ ва дурнамои СММ (ФАО)  истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон дар солҳои 2008 – 2009 2 миллиарду 191 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли 2009 3,8 фоиз зиёд мебошад.  Тибқи маълумоти дастрасгардида, дар соли 2008 ҳосили ҷамъовардашудаи гандум дар Федератсияи Русия зиёда аз 100 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2007 — 20 фоиз зиёд мебошад.               

Декабрь 5, 2008 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд