ДАР ЧИН ЗИЁДА АЗ 20 МИЛЛИОН НАФАР АЗ КОР ОЗОД ШУД
Деҳлӣ, 2 декабр. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба бӯҳрони шадиди молиявӣ бештар аз 20 миллион нафар аз кор маҳрум гардид. Корхонаю ширкатҳои мамлакат дар шароити вазъияти ногувори иқтисодӣ ё коргаронро аз кор озод мекунанд, ё ҳаҷми истеҳсолро кам менамоянд, ё баста мешаванд. Тибқи хабарҳои расида, дар Чин бар асари бӯҳрони молиявӣ қариб 70 ҳазор ширкат муфлис гардидааст. Мақомоти ҳукуматӣ барои пешгирии худсарона аз кор озод кардани коргарон ҷараёни пеш кардани онҳоро таҳти назорат мегиранд. Тибқи дастури мақомоти мазкур, ширкатҳо бояд коргаронро танҳо бо иҷозати муассисаҳои маҳаллии меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ аз кор озод намоянд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






