ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНШИНОСИИ МАСКАВ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ МЕОМӮЗАНД
Маскав, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Моҳи феврал дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав машғулияти омӯзиши забони тоҷикӣ оғоз меёбад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» ректори донишгоҳ Ирина Халиеева хабар дод. Вай зикр намуд, ки дар донишгоҳ айни ҳол забонҳои дигари халқҳои ИДМ , аз ҷумла забонҳои қазоқӣ ва қирғизӣ омӯхта мешаванд. И. Халеева имрӯзҳо дар Маскав дар мулоқоти роҳбарону намояндагони воситаҳои ахбори оммавии мамлакатҳои ИДМ иштирок дорад, ки бо ташаббуси шӯрои байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ ва Агентии иттилоотии «РИА Новости» давом дорад. Ректори донишгоҳ зикр намуд, ки дар давраи ҳозираи ташаккули ИДМ омӯзиши забони миллатҳои мамлакатҳои иттиҳод аҳамияти калон дорад. Дар мулоқот донишҷӯёни курсҳои болои донишгоҳ иштирок доранд. Онҳо ҳамчун мутахассисони забоншинос оянда дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, гуфт Ирина Халеева.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






