ДАР ФАСЛИ ЗИМИСТОН МАШҒУЛИЯТҲОИ ТАЪЛИМӢ ҚАТЪ НАМЕШАВАНД?
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ноҳияи Ваҳдат бо мақсади бедор намудани завқи хонандагон аз фанҳои алоҳида озмунҳои «Хаттоти беҳтарин», «Донандагони забону адабиёти тоҷик», «Таърихи халқи тоҷик», «Иншои беҳтарин», «Беҳтарин дӯстдорони ғазал» дар сатҳи хеле баланд гузаронида шуд,- иброз доштанд дар Шӯъбаи маорифи шаҳри Ваҳдат ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар ин давра бо мақсади тарбияи ватанпарастии хонандагони мактабҳои шаҳр озмуни ҳарбӣ — варзишии «Ҳомии Ватан» миёни даҳ мактаби шаҳр доир гардид. Дастаи «Ватанпарастон»-и шаҳри Ваҳдат дар озмуни ҷумҳуриявии «Ватанпарвар» иштирок намуда, сазовори ҷойи якум шуд. Ҳоло барои таълими мунтазами хонандагон мактабҳо бо сӯзишворӣ пурра таъминанд ва фаъолона кор мекунанд. Умед аст, ки дар фасли зимистон машғулиятҳои таълимӣ як соат ҳам қатъ нагарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






