ДАР ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ВАЗЪИЯТИ ТЕХНИКА БАД АСТ
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки то 1-уми декабри соли 2008 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ 3261 трактори шудгоркунанда мавҷуд буд. Аз ин шумора 1863 ададашон мавриди истифода мебошанд, ки ин ба 57 фоизи техникаи кишткунанда баробар аст. Тибқи санҷиши гузаронидашуда, дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 2106 адад трактори шудгоркунанда мавҷуд аст, ки аз он 1080 ададашон қобили истифода мебошанд. Вазъияти техника дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) аз ин ҳам бадтар аст. Дар хоҷагиҳои номбурда аз 1155 трактори шудгоркунанда 783 трактор мавриди истифода қарор дорад, ки ин ба 43,3 фоизи техникаи истифодашаванда баробар аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






