ДАР ХУҶАНД 100-СОЛАГИИ БОБОҶОН ҒАФУРОВРО ТАҶЛИЛ МЕКУНАНД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Мувофиқи қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, 26-уми декабр дар саросари вилоят 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҷлил карда мешавад. Бино ба иттилои маркази таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, имрӯзҳо ба ин муносибат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят викторина, семинар, мулоқот, мизи мудаввар ва «Ғафуровхонӣ» баргузор шуда истодааст. Бояд зикр намуд, ки бо ин мақсад 4 ҳазору 300 сомонӣ аз фонди захиравии раиси вилояти Суғд барои гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ ҷудо мегардад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар доираи маъракаҳои 100-солагии Бобоҷон Ғафуров оғози ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки олимон, таърихшиносон ва устодону шогирдони мактабҳои шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ баргузор гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






