ДАР ИМА 1150-УМИН СОЛГАРДИ ЗОДРӮЗИ РӮДАКИРО ҶАШН ГИРИФТАНД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Охири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси намояндагии Тоҷикистон дар СММ дар чаҳорчӯбаи таҷлили 1150-умин солгарди зодрӯзи одамушшуаро, сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар яке аз машҳуртарин марказҳои илмиву омӯзишии Амрико – Донишгоҳи «Колумбия»-и Ню-Йорк бахшида ба ҳаёту эҷодиёти ин нобиға мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар олимону донишмандони Амрико ва аҳли илму адаби ин кишвар ширкат варзиданд. Донишмадон зимни суханрониҳо ҷанбаи одамдӯстӣ, даъват ба таҳаммулпазирӣ ва сулҳ, панду насиҳатҳои оқилонаи Рӯдакии бузургворро таъкид намуданд. Тибқи ишора Рӯдакӣ дар замоне ба дунё омад ва шеърҳояшро эҷод кард, ки он миёни эроншиносон ҳамчун замони эҳёи фарҳанг, забон, давлат ва тамаддуни форсӣ маъруф аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






