ДАР МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОН ОЗМУН ДОИР МЕГАРДАД

Декабрь 22, 2008 12:18

                  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарояндагони ҷавони эстрадӣ таҳти унвони «Ориён, Сомониён, Тоҷикистон» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон намудааст.                  Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баргузории озмуни сарояндагони ҷавонӣ эстрадӣ-«Ориён, Сомониён, Тоҷикистон» имкон дод, то бисёр истеъдодҳои ҷавон, гурӯҳҳои созию овозӣ рӯи саҳна оянд.                  Озмунҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Турсунзода , Ҳисор, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҷиргатол, Рашт, Файзобод, ҳамзамон байни донишҷӯёни макотиби олӣ доир гардида, рӯйхати ғолибон ба Кумита пешниҳод гардидааст.                   Озмун рӯзҳои 25,27 -уми декабри соли ҷорӣ дар толори Маркази фарҳангии ҷавонони Тоҷикистон- «Ориёно» доир мегардад.

Декабрь 22, 2008 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад