ДАР МАСКАВ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҚОЧОҚЧИЁНИ НАШЪА БАРҲАМ ДОДА ШУД

Декабрь 23, 2008 14:13

         Маскав, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Кормандони  Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия ба фаъолияти гурӯҳи калони муташаккии қочоқчиёни нашъаи Афғонистон дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт — Петербург хотима бахшиданд. Ба  ин гурӯҳ асосан шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон дохил буданд.          Аз ҷумлаи дастгиршудагон ду нафар зан мебошад. Кормандони хадамоти назорати маводи нашъадор  дар бораи  фаъолияти қочоқчиён маълумоти зарурӣ ба даст оварда, дар яке аз маҳалҳои  роҳи сангфарши Энтузиастов мошини сабукрави мусофирбарро боз доштанд. Аз ду нафар мусофири он қариб як килограмм маводи нашъадор ёфт шуд. Баъдан дар ҷараёни амалиёт дар роҳи  мошингарди Осташков мошини  «Камаз» дастгир карда шуд, ки аз Маскав ба  Санкт — Петербург мерафт. Кормандони милиса  мошини мазкурро  бо кӯмаки саги бӯгир тафтиш намуданд. Дар  зери  бордони мошин махфигоҳи махсус сохта шуда буд, ки бо асбобу анҷоми кӯҳнаи рӯзгор пур карда шуда буд. Аз зери он 11 зарфи дулитраи пур аз героин ёфт шуд. Кормандони милиса баъди ин  хуҷраҳои ба иҷора гирифтаи қочоқчиёнро  кофтуков карданд. Аз он ҷо  покетҳои селофании героин, тарозуи электронӣ ва якчанд дастгоҳи барқии  қаҳвамайдакунӣ ёфт шуд. Маълум гардид, ки қочоқчиён ба воситаи онҳо  героинро бо  витаминҳо ва моддаҳои дигари химиявӣ махлут мекардаанд. Бо ин махлут  зарфҳои пластикии оби маъданӣ пур карда мешуд. Кормандони милиса дар ҷараёни амалиёт зиёда аз 16 килограмм геронро мусодира карданд. Дар натиҷа гурӯҳи калони  хавфноки ҷинояткор ва роҳбари он безарар гардонида шуданд. Вобаста ба ин  панҷ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Айни ҳол тадбирҳои муайян кардани роҳҳои интиқоли маводи нашъадор  ва  алоқаи қочоқчиён бо  гурӯҳҳои дигар давом дорад.  

Декабрь 23, 2008 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд