ДАР МИНТАҚАИ ЗАРАФШОН ДАСТХАТИ МУТААЛЛИҚ БА АСРИ VI ЁФТ ШУД

Декабрь 6, 2008 13:26

                Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муҷассамаи мармарӣ ва ашёи дигаре, ки дар Қалъаи Золи ноҳияи Фархор кашф шудаанд, дар Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд.                Ба эътиқоди бостоншиносони тоҷик, ашёҳои бостонӣ, ки дар ҷараёни ҳафриёти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон пайдо шудаанд, аз аҳаммияти зиёди илмӣ ва таърихӣ бархӯрдоранд.               Бостоншинос ва корманди Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, профессор Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ бозёфти муҷассамаи мармарӣ дар ноҳияи Фархор ва дастхатҳои мутааллиқ ба қарнҳои ҳафт ва ҳашти милодӣ дар шаҳри Панҷакентро аз ҷумлаи осори нодири бостонӣ арзёбӣ кард.               Ин муҷассама ба ҳазораи сеюми қабл аз милоди Масеҳ тааллуқ дошта, бо сабки пайкарасозии бобулӣ сохта шудааст.                 Профессор Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ мӯътақид аст, ки ин муҷассамаи мармарии сохташуда ба сабки бобулӣ нишонае аз равобити миёни Хатлоншоҳ ва мулки Бобули бостонӣ будааст.                Бояд ёдовар шуд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳайате аз бостоншиносон бо роҳбарии Шарофиддин Қурбонов ва     Алексей Савченко дар минтақаи Зарафшон ашёи мухталифи бостонӣ, аз ҷумла дастхати мутааллиқ ба қарни ҳаштуми милодиро пайдо кардаанд.  

Декабрь 6, 2008 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид