ДАР НАВБАТИ АВВАЛ МАЪЮБОНИ БИСТАРӢ СОҲИБИ АРОБАЧА ШУДАНД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бегимо Амонатова вазифаи мудири Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Мастчоҳро 1 солу 8 моҳ инҷониб сарварӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ реҷаи корро ба тартиби муайян дароварда, кадрҳои роҳбарикунандаи шӯъбаро мувофиқи қобилияташон ҷо ба ҷо намуд. Рӯйхати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбон ва шахсони камбизоатро аниқ кард,- иброз доштанд дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо дастгирии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Сарраёсати ҳифзи иҷтимоӣ ба маъюбоне, ки барои гирифтани аробача солҳо дар навбат меистоданд кӯмак расонида шуд. Дар навбати аввал маъюбони бистариро бо аробача таъмин намуданд. Маъюбони барҷомонда сараввал ба Сарвари давлат барои ғамхорӣ ва таъкидҳои пайвастааш дар мавриди дастгирии ятимону шахсони танҳо, маъюбону нафақахӯрон, сипас ба кормандони сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






