ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ СЕМИНАРИ ИТТИЛООТӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Декабрь 17, 2008 14:20

                Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Макази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, 19-уми декабри соли 2008 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар мавзӯи «Ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои Пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» семинари иттилоотӣ баргузор мегардад.                Тибқи барномаи баргузории семинар, баромади директори Муассисаи давлатии Маркази ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди соҳаи пахтакорӣ М. Шералиев дар назар аст.               Сармутахассиси соҳаи кишоварзӣ ва муҳити зист, номзади илмҳои кишоварзӣ Ш. Сафаров дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани истеҳсоли пахта» тавсияҳои илмӣ пешниҳод менамояд.                Дар кори семинар раисони ҷамоатҳои деҳоти минтақаи Кӯлоб ширкат меварзанд. Инчунин, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, роҳбарону мутахассисони соҳаи пахтакории вилояти Хатлон ба ин семинар даъват шудаанд.

Декабрь 17, 2008 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид