ДАР НОРАК БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Декабрь 12, 2008 12:57

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар мактаби таҳсилоти умумии №5-и шаҳри Норак боз як бинои нави таълимии дуошёна, ки аз 8 синфхона иборат аст, мавриди истифода қарор гирифт. Лоиҳаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федералии Олмон ҷиҳати татбиқи барномаи «Фондҳо барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфрасохторҳои ҷамоавӣ» амалӣ шуд.  Мутахассиси БМИМТ Абулқосим Котибов ба АМИТ «Ховар хабар дод, ки бинои нави таълимгоҳ дар асоси муроҷиати ҳайати омӯзгорони мактаби номбурда, истиқоматкунандагони маҳаллаи Деҳисабур ва натиҷаи тадқиқотҳои гузаронидаи БМИМТ сохта шуд. Дар биноҳои таълимии вуҷуддошта, ки соли 1960 сохта шудаанд, синфхонаҳои таълимӣ намерасид ва хонандагон ба таври лозимӣ дарс хонда наметавонистанд. Дарсҳо барои 1667 хонанда дар се баст мегузашт, ки ин ба қоидаву меъёрҳои омӯзишӣ мувофиқ набуд. Вазнинии зиёди ба дӯши мактаб афтода ва бегоҳирӯзӣ дарс гузаштан маъмурияти шаҳрро водор намуд, ки се синфхонаи иловагӣ ҷудо намояд: ду синфхона дар боғчаи кӯдакон, ки аз мактаб дар масофаи 700 метр ҷойгир аст ва як синфхона дар собиқ бинои додгоҳи шаҳрӣ.  Бинои нави таълимӣ барои 240 нафар хонанда сохта шудааст. Масоҳати умумии бинои таълимӣ 883,9 м2-ро ташкил медиҳад. Бинои таълимӣ бо мебелу таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Декабрь 12, 2008 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад