ДАР НУРОБОДУ РАШТ КОРҲОИ БЕТОНРЕЗӢ ИДОМА ДОРАД
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, Фазаи II аз 17-уми ноябри соли 2005 тасдиқ гардид. 14-уми феврали соли 2006 оид ба ин лоиҳа миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд Созишномаи қарзӣ ба имзо расид. Маблағи умумии лоиҳа 39,5 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад. 29-уми декабри соли 2006 Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ бо ширкати машваратии «Финроуд»-и Финландия шартнома ба имзо расонид. 24-уми январи соли 2007 бошад, бо ширкати «Синохайдро»-и Ҷумҳурии Халкии Чин барои корҳои сохтмонӣ шартнома ба имзо расид. Аз замони тадбиқи лоиҳа то имрӯз 1 124 400 м³ корҳои заминканӣ, 556 метр насби қубурҳои обгузар, 1883 метр кандани ҷӯйборҳои обпарто, 406 метр сохтмони девори муҳофиз, 21 км барқароркунии таҳкурсии болопӯши роҳ ва 7,1 км мумфарш намудани қабати поёнии болопӯши роҳ ба анҷом расидааст. Бояд зикр намуд, ки дар купрўкҳои ноҳияҳои Нурободу Рашт корҳои бетонрезӣ ва сохтмони таҳкурсии такягоҳҳо идома дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






