ДАР ПОЙТАХТ МАРКАЗҲОИ ТИҶОРАТИИ 20-ОШЁНА МЕСОЗАНД

Декабрь 25, 2008 16:39

          Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буриши кӯчаҳои Бухоро-Рудакӣ ва хиёбони Рӯдакӣ-76-и пойтахт то соли 2011 ду маркази бузурги тиҷоратии 20-ошёнадор сохта, ба истифода дода мешавад. Муаллифи беҳтарини ин лоиҳаро, ки тариқи тендер муайян карда мешавад, маблағи 7 ҳазору 500 доллари амрикоӣ интизор аст,- гуфт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати сеюм.         Раиси шаҳр дар назди вакилони Маҷлиси халқи шаҳри Душанбе доир ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2008, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳрӣ ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2009 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2007 ҳисобот дод. Мавсуф нишондодҳои рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахтро новобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мусбат арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки дар 11 моҳи соли равон бо назардошти сектори ғайридавлатӣ 457, 3 миллион сомонӣ маҳслуоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки ба 101, 1 фоизи нишондоди ҳамин давраи соли гузашта баробар аст. Дар ин давра дар сектори саноатии пойтахт 18 корхонаи нав ба фаъолият пардохт. Дар ин замина 350 ҷойи корӣ ташкил карда шуда, корхонаҳои мазкур ба маблағи 8 миллион сомонӣ молҳои гуногуни саноатӣ истеҳсол намуданд.          Ба гуфтаи раиси шаҳр, музди миёнаи маош дар пойтахт 471 сомонӣ, дар соҳаи саноат 600 сомонӣ ва дар сохтмон 900 сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба некӯаҳволии рӯзгори шаҳрвандон мусоидат менамояд.         Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамчунин дар мавриди омодагии пойтахт ба таҷлили 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ сухан гуфта, зикр намуд, ки то соли 2011 мӯҳлати иқдоми пешанамудаи шаҳрдорӣ — Масъулияти шаҳрвандӣ ва ташаббусҳои созанда идома дода мешавад. Дар доираи он ҳар шаҳрванд ва субъекти марбутаи пойтахт бояд баҳри рушду ободонии пойтахт ва истиқбол гирифтани 20-умин солгарди ҷашни истиқлоли кишвар корҳои шоёнро ба анҷом расонад.        Дар иҷлосия аз ҷониби вакилон буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2009 тасдиқ гардид, ки он аз рӯи даромад ва хароҷот 395 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Декабрь 25, 2008 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид