ДАР РАШТ ДАРАХТҲОИ БОҒҲОРО РЕШАКАН МЕКУНАНД

Декабрь 18, 2008 08:41

               Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Солҳои давраи ҷанги шаҳрвандӣ аз фаъолият мондани идораи «Карантин»-и ҷумҳурӣ боис шуд, ки соҳибкорон аз хориҷи кишвар тухмии картошкаро бо зӯрию тариқи қочоқ ворид намоянд.              Дар таркиби картошкаи навъи «Кардинал», ки ҳамон солҳо ворид карда шудааст, деҳқонон тухми ҳашароти зараррасон-гамбускро пайдо карданд, ки аллакай дар заминҳо якҷоя бо картошка «кишт» шуда буд. Аз чунин беназоратӣ намудҳои гуногуни ҳашароти зараррасон ба ҷумҳурӣ оварда шуда, дар боғот низ паҳн гардид.              Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Рашт М.Толибов, қариб ҳамаи боғҳои мевадиҳанда ба касалӣ гирифтор шуда, аз ҳосил мондаанд. Хоҷагиҳои боғпарвар дарахтонро бурида заминро аз боғ тоза мекунанд.             — Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ соли ҷорӣ пӯстлоху решаю танаи дарахтонро барои санҷиши лабораторӣ бо худ бурданд, аммо сабаби касалии дарахтон то имрӯз номаълум аст,- афзуд ӯ.              Ҳоло вақти он расидааст, ки лабараторияҳоро дар худи ноҳияҳои боғпарвар ва ҳеҷ набошад ба тарзи сайёр таъсис бояд дод.

Декабрь 18, 2008 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар