ДАР РУСИЯ МУҲОҶИРОНИ ҒАЙРИҚОНУНИРО ҶУСТУҶӮ МЕКУНАНД

Декабрь 25, 2008 16:03

        Маскав,  25  декабр. (АМИТ «Ховар» — РИА  «Новости»). – Раёсати  Хадамоти   федералии  муҳоҷирати  вилояти  Маскав   хабар  дод, ки минбаъд  коргарони  муҳоҷири  ғайриқонунӣ  бо  кӯмаки  чархболҳо  ва  ҳавопаймоҳои  бесарнишин  ҷустуҷӯ карда мешаванд. Амалиёти мазкур дар якчанд ноҳияи вилоят  гузаронида  мешавад. Дар   чархболҳо  ва  ҳавопаймоҳо  дастгоҳҳои  аккосӣ ва  наворгирӣ  насб  карда  хоҳанд  шуд.       Муовини сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти  Маскав  Андрей  Ткаченко   зикр  кард, ки дар ин  бобат   амалиёти  нахустин   дар  ҳудуди  ноҳияҳои  Ленин, Подолск ва Чехов гузаронида шуд. Ҳавопаймоҳо  ва   чархболҳо  маҳалҳои  истиқоматии  қад – қади   роҳҳои  мошингардро  назорат  мекунанд. Зеро  одатан  коргарони  муҳоҷир  барои   кору  истиқомат  маҳалҳои  дурдаст ва  душворгузарро  интихоб  менамоянд. Ин  иқдом   имкон  медиҳад, ки   масоҳати  калони  ҷангалзор  ва  маҳалҳои  истиқоматӣ  зери  назорат  гирифта  шавад. А.Ткаченко афзуд, ки  раёсату  шӯъбаҳои  вилоят дар  ин  бобат  дастури  дахлдор  гирифтанд. Барои кормандони  милиса  ду автобус  ҷудо  карда  шуд, ки бо  воситаҳои  алоқаи  радифӣ  муҷаҳҳаз  мебошанд. Ба  воситаи  онҳо  дар  бораи  ҳар  мардикор  фавран  маълумоти  зарурӣ  гирифта  мешавад.          Аз  рӯи  маълумоти  мавҷуда,  соли  2008  дар  вилояти  Маскав  қариб  900  ҳазор  мардикори  хориҷӣ  ба  қайд  гирифта  шуд.  Аз ин  ҷумла,  ба  240  ҳазор  нафар  иҷозати  кор  кардан  дода  шудааст. А.Ткаченко дар  фарҷоми  сӯҳбат  зикр  кард, ки   вақтҳои  охир   миқдори  қонуншиканиҳои  дағалона  аз  ҷониби  муҳоҷирон  хеле  кам  шудааст.

Декабрь 25, 2008 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид