ДАР ТОҶИКИСТОН КОРХОНАҲОИ МУШТАРАК ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД

Декабрь 9, 2008 11:38

        Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина, миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ҶСК «Турбоатом»-и шаҳри Харков оид ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли таҷҳизоти гидротурбинаҳо барои нерӯгоҳҳои хурду миёнаи Тоҷикистон созишнома ба имзо расид. Дар ин бора сомонаи Интернетии atn.kharkov.ua иттилоъ додааст. Тибқи иттилои сарчашма, моҳҳои январ-феврали соли 2009 дар Душанбе ҷонибҳо масоили ҳуқуқиву ташкилии таъсиси корхонаи муштарак оид ба лоиҳакашӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти гидротурбина барои нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон ва номгӯи зарурии таҷҳизотро баррасӣ мекунанд. Инчунин, сомонаи Интернетии Президенти Тоҷикистон – president.tj хабар медиҳад, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони корхонаҳои азими «Турбоатом» ва «Электротяжмаш» масоили барқарорсозӣ ва густариши ҳамкориҳои бевосита баррасӣ шуданд.        Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо ду санади муҳими ҳамкорӣ дар бораи бунёди ду корхонаи муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки мутобиқи яке аз онҳо дар заминаи корхонаи «Тоҷиктекстилмаш»-и шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону «Турбоатом»-и Харков оид ба истеҳсоли таҷҳизоти гидротехникӣ барои нерӯгоҳҳои хурду миёна кушода мешавад. Тибқи санади дуюм имконоти бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳои ХТЗ дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор мегирад. Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи «Турбоатом» аз наздик ошно гардида, ҷузъиёти шартномаи таъмини нерӯгоҳи «Норак»-ро бо таҷҳизот мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҷиҳати сохтани шаш агрегат ба маблағи $12 млн. барои нерӯгоҳи Норак, бо корхона гуфтушунид шуда, то ахири сол имзои шартнома дар ин хусус пешбинӣ гардидааст. Мӯҳлати иҷрои шартнома 3,5 солро ташкил дода, дар як сол корхона ба Тоҷикистон 2 гидротурбина хоҳад фиристод.

Декабрь 9, 2008 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд