ДАР ВКХ ҶТ БА ДИПЛОМАТИ РУСИЯ ЁДДОШТИ ЭЪТИРОЗӢ СУПОРИДА ШУД

Декабрь 12, 2008 16:59

          Душанбе,  12  декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). – Дар Вазорати  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба Намояндаи  ваколатдори  муваққатии  Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Вячеслав  Светличний  вобаста ба  ҳодисаи куштори  бераҳмонаи  шаҳрванди  Тоҷикистон  6  декабр  дар  наздикии  деҳаи  Жабкинои  вилояти  Маскав  ёддошти  эътирозӣ  супорида  шуд. Дар  ёддошт,  аз ҷумла,  гуфта  мешавад, ки  вазорат вобаста ба  тамоили  рӯзафзуни  сӯиқасд  ба  ҷони  шаҳрвандони  муваққатан  дар  қаламрави  Федератсияи  Русия  будаи  тоҷик,   яъне   коргарони  муҳоҷир  изҳори  ташвиши  ҷиддӣ   менамояд. Бояд  гуфт, ки   зуҳуроти  таҳаммулнопазирӣ дар  Русия   нисбати миллатҳои  дигар  торафт  бештар  шаклу  хусусияти  хавфноку  бераҳмона  мегирад.   Дар  натиҷа  шаҳрвандони  тоҷик  —  коргарони  муҳоҷир ва  донишҷӯён   ҳадафи  ҳуҷум  ва  лату  кӯби  «скинхедҳо»  ва гурӯҳҳои  дигари  ҷинояткор  қарор  мегиранд. Чунин  воқеаҳо  бисёр  вақт  бо ҳалокати намояндагони  Тоҷикистон  анҷом  меёбанд.             Аз  рӯи  маълумоти  мавҷуда,  аз  аввали  соли 2008  дар  қаламрави  Федератсияи  Русия  615  шаҳрванди  Тоҷикистон  ҳалок  гардидааст, ки  84  нафари онҳоро  аъзои  гурӯҳҳои  гуногуни  миллатгаро бо  истифодаи  зӯрӣ  ба  қатл  расондаанд. Ҷиноятҳои  ба  муқобили  шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  содиргардида  сабаби эътироз ва  қаҳру  ғазаби  сокинони  Тоҷикистон  гардида,   ба  вокуниши  манфӣ  дар  мамлакат   мусоидат  карда метавонанд,  зеро  дар  замони осоишта  қариб  ҳар  рӯз  аз  Русия  ба  мамлакати мо ҷасадҳои ҳамдиёронамон  оварда  мешаванд. Вазорат таваҷҷӯҳи  ҷониби  Русияро  ба  андешидани  тадбирҳои   ҷиддитарин  барои  пешгирии  чунин  ҷиноятҳо ҷалб  менамояд, ки  ба  муқобили  шаҳрвандони  Тоҷикистон  содир  карда  мешаванд. Ҷониби  Тоҷикистон умедвор  аст, ки мақомоти  дахлдори  Русия  барои  барҳам  додани   ҷиноят  ба  муқобили  намояндагони  миллатҳои  дигар  тадбирҳои самарабахш  меандешанд,  зеро   чунин  зуҳуроти  номатлуб  ба  муносибатҳои  дӯстонаи  ҳар  ду  мамлакат  зиёни  ислоҳнопазир  расонда,  сабаби  ба  миён  омадани   вокуниши  манфии   ҷавобии  аҳолии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон гардида метавонад.

Декабрь 12, 2008 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид