ДАР ВМКБ НАРХИ БЕНЗИН ПАСТ МЕШУДА БОШАД!?

Декабрь 24, 2008 10:44

         Душанбе, 24-уми декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, нархи як литр бензин дар ҷумҳурӣ ба ду сомонию 20 дирам баробар шудааст. Вале дар баъзе вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ сарфи назар аз паст шудани нархи сӯзишворӣ, роҳкиро мисли пештара қиммат аст. Аз ҷумла,  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  хусусан Хоруғу Ванҷ нархи роҳкиро  алҳол бетағйир мондааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ронандаи мусофирбари ноҳияи Ванҷ Дилшод Зиёев иттилоъ дод, имрӯз нархи бензин дар худи ноҳия мисли аввала баланд аст. Фурӯшандагон нархи сӯзишвориро паст накардаанд. Аз ин сабаб, мо ҳам роҳкирорро кам карда наметавонем, — гуфт ӯ. Тибқи иттилои мусофирон, имрӯз роҳкирои таксӣ аз Хоруғ то Душанбе ва аз Душанбе то Ванҷ 150-180 сомониро ташкил медиҳад.   

Декабрь 24, 2008 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид