ДАР ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ 271 НАФАР ҲАЛОК ШУД
Ғаззаҳ, 29 декабр. (АМИТ «Ховар» — Синхуа).- Ҳавопаймоҳои низомии Исроил дар давоми шабонарӯзи гузашта ба минтақаҳои гуногуни воҳаи Ғаззаҳ зарба заданд. Аз рӯи хабарҳои расида, дар ин ҷо то имрӯз 271 нафар ҳалок шуда, бештар аз 900 нафар маҷрӯҳ гардидааст. Дар изҳороти созмони Хамос гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳои Исроил дар давоми як шабонарӯз ба минтақаҳои гуногуни воҳаи Ғаззаҳ тақрибан 25 маротиба ҳамла оварданд. Онҳо дафъаи охир ба бинои маъмурияти созмон, маркази ҳарорату барқидиҳанда ва масҷид бомба партофтанд. Мақомоти Исроил хабар медиҳанд, ки ҳадафи амалиёт дар воҳаи Ғаззаҳ пешгирии паррондани гулӯлаҳои реактивӣ аз ҷониби силоҳбадастони фаластинӣ ба қаламрави мамлакат мебошад. Вазири мудофиаи Исроил Эхуд Барак 27 декабр ба хабарнигорон гуфт, ки дар мавриди зарурат қисмҳои ҳарбӣ ба воҳаи Ғаззаҳ дохил карда мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






