ДАСТОВАРДҲО ВА НАҚШАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶТ

Декабрь 9, 2008 16:12

          Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ барои рушди иқтисодиёти мамлакат равобит ва муносибатҳои ҳамаҷонибаи корхонаю муассисаҳо ва хоҷагиҳо зарур мебошад. Ин муносибатҳо ба туфайли  дастраси  ҳамдигар гардондани иттилоот ва маълумоти мукаммалу эътимодбахш муяссар мегардад. Барои  ба роҳ мондани муносибатҳои корхонаҳо чӣ дар дохили кишвар ва чи берун аз он  нақши Палатаи савдо ва саноати  ҷумҳурӣ хеле калон аст. Раиси палата Шариф Саид зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки мутахассисони он дар давоми 11 моҳи соли равон зиёда аз 12  ҳазор сертификат ва бештар аз 130 иҷозатномаи фаъолият доданд. Айни ҳол бо  179  палатаи савдо ва саноати мамлакатҳои ИДМ ва хориҷи дуру наздик   созишномаи ҳамкорӣ имзо  шудааст. Дар мамлакатҳои дигар 45 намояндагии палата фаъолият дорад. Роҳбарони палата дар ин давра бо намояндагони сафоратхонаҳо ва  тоҷирону соҳибкорони мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Эрон, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ, Италия, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва ғайра зиёда аз сад мулоқот анҷом доданд.Бо кӯмаки палата соҳибкорону тоҷирони тоҷик дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналхалқию минтақавӣ ширкат меварзанд. Чунин ярмаркаҳои байналхалқӣ соли равон дар  шаҳрҳои  Қошғар ва Урумчии  Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардиданд. Самти асосии фаъолияти палата ташкили ярмаркаю намоишгоҳҳо мебошад. Мо соли 2004 ҳамагӣ 10 намоишгоҳ ташкил намудем. Соли 2007 бо  ташаббуси палата 16 намоишгоҳ ва соли 2008 22 намоишгоҳ ташкил карда шуд.  Шариф Саид зикр намуд, ки ба қарибӣ анҷумани панҷуми Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он  нақшаи фаъолияти палата дар давоми солҳои оянда муқаррар карда шуд.  Иштирокчиёни анҷуман изҳор намуданд, ки  барои таъмини самаранокии кори палата сохтмони Маҷмааи намоишгоҳҳо зарур мебошад. Қарор дода шуд, ки барои ҷудо кардани замин ҷиҳати сохтмони маҷмааи мазкур ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат карда шавад. Ш.Саид дар бораи нақшаҳои фаъолияти палата дар давоми солҳои оянда сухан ронда, зикр кард, ки  нақшаи мазкур сохтани Маҷмааи намоишгоҳҳоро дар  шаҳри Душанбе  ва ноҳияи Шаҳринав дар бар мегирад. Ҳамчунин дар назди палата суди арбитражӣ таъсис дода мешавад. Тоҷикистон соли 2010 дар Намоишгоҳи байналхалқии «Экспо»  иштирок хоҳад кард. Тайёрӣ ба ин намоишгоҳ низ вазифаи кормандону мутахассисони палата мебошад. Мо дар оянда  ҳамроҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳимояи манфиатҳои  соҳибкорону тоҷирон, таъмини ҳамкории вазорату идораҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкили намоишу  ярмаркаҳо, осонтар сохтани тартиби бақайдгирии корхонаҳо, ба даст овардани иҷозатномаи фаъолият, осонтар сохтани гирифтани қарз аз бонкҳо, ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва то ҳадди имкон кам кардани андоз тадбирҳои пешбинишударо амалӣ месозем, гуфт дар хотима  Шариф Саид.

Декабрь 9, 2008 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад