ДЕҲҚОНОНИ ХУРОСОН ҚАРЗҲОЯШОНРО БАРМЕГАРДОНАНД

Декабрь 11, 2008 11:16

            Қӯрғонтеппа, 11   декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод  Сотиев). —  Мизоҷони  филиали  дар  ноҳияи  Хуросон будаи  «Тоҷпромбонк» то  имрӯз  бештар  аз  сад  ҳазор  сомонӣ  қарзҳои  гирифтаашонро  баргардонданд. Директори шӯъбаи  63 – юми  бонки  мазкур   дар  ноҳияи  Хуросон  Бобохӯҷа  Рустамов   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  ба  хоҷагиҳои  деҳқонии  ноҳия   барои  парвариши  пахта  ба  маблағи  қариб  743  ҳазор  сомонӣ қарз  дода шуда буд. Онҳо аллакай  ба  баргардонидани қарзҳояшон  шурӯъ  намуданд,  гуфт  Б.Рустамов. Филиали  «Тоҷпромбонк»  дар  ноҳияи  Хуросон 47 хоҷагии  деҳқонии  ноҳияро  бо  маблағ   таъмин  менамояд. Ба  қавли  Б.Рустамов,  имрӯз  дар  масъалаи  баргардонидани  қарзи  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ягон  проблема  вуҷуд  надорад. Вале  вобаста ба  шароити  ғайричашмдошт,  аз  ҷумла,  шароити  иқлим,  хоҷагиҳои  деҳқонӣ метавонанд  қарзҳояшонро  аз мӯҳлати  муқарраршуда  дертар  баргардонанд,  гуфт  Б. Рустамов.

Декабрь 11, 2008 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд