ДИРЕКТОРИ ХОҶАГӢ БО САБАБИ ХУНУКНАЗАРИЯШ ҶАЗОИ ИНТИЗОМӢ ГИРИФТ

Декабрь 15, 2008 14:19

          Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо  фармони директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри иҷрои «Барномаи рушди хоҷагии ҷангал барои солҳои 2006- 2015» дар мавзеи «Сайёд»-и ноҳияи Данғара 2 ҳазор гектар ҷангал бунёд карда мешавад. Дар ин мавзеъ ба хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод 100 га замин вобаста карда шудааст. Коргарони хоҷагии ҷангали Файзобод дар мавзеи вобастакардашуда 6 ҳазору 150 бех ниҳоли арча, олуча, чормағз, акатсия ва дигар ниҳолҳои босамару сояафкан шинонидаанд. Аз ниҳолҳои шинонидашуда соли 2006 83 фоиз ва соли 2007 65 фоизашон сабзидааст. Бо сабаби бемасъулиятии кормандони хоҷагии ҷангали ноҳия ва хунукназарии директори хоҷагӣ нисбати таъмини сабзиши 100-фоизаи   ниҳолҳо, директори ин хоҷагӣ Р. Одинаев аз ҷониби Муассисаи хоҷагии ҷангал ва шикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои интизомӣ гирифт. 

Декабрь 15, 2008 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд