ДОНИШҶУЁНИ ДМТ, БА МАШҒУЛИЯТҲО ҲОЗИР ШАВЕД!
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кулли донишҷӯёни курсҳои 1-4-и шӯъбаи ғоибонаи ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ ва донишҷӯёне, ки тибқи низоми таҳсилоти 2-юми олӣ таҳсил мекунанд, мерасонад, ки тибқи фармони ректори донишгоҳ таҳти №307-09 аз 26.12.2008 ба ҷадвали даъвати онҳо барои нимсолаи баҳории соли таҳсили 2008-2009 тағйиротҳои зерин ворид карда шудааст:-барои курсҳои 4-уми ихтисосҳои муқаррарӣ ва курси 2 –юми таҳсилоти 2-юми олӣ аз 02.02.2009 то 23.02.2009;-барои донишҷӯёни курсҳои 3-уми ихтисосҳои муқаррарӣ ва курси 1-уми таҳсилоти 2 –юми олӣ-аз 09.03.2009 то 03.04.2009 ;- барои донишҷӯёни курсҳои 2-юми ихтисосҳои муқаррарӣ — аз 15.04.2009 то 06.05.2009;- барои донишҷӯёни курсҳои 1-юми ихтисосҳои муқаррарӣ-аз 18.05.2009 то 08.06.2009;Аз ҳамаи донишҷӯёни шӯъбаи ғоибонаи ихтисосҳои донишгоҳ ва донишҷӯёни таҳсилоти дуюми олӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мутобиқи ҷадвали мазкур ба машғулиятҳои дарсӣ ҳозир шаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






