ДУ НАФАРРО ДАР ЯК ҲУҶРА БА ҚАТЛ РАСОНИДАНД

Декабрь 13, 2008 11:54

                  Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Аз ҳуҷраи 28-и хонаи 7-и кӯчаи Чапаеви шаҳри Чкаловск ҷасади шаҳрвандон Зикрулло Ахмедов (соли таваллудаш 1990) ва Ёсирҷон Қаҳрамонов, ки рӯзи 10-уми декабри соли ҷорӣ беному нишон гум шуда буданд, ёфт гардид.                   Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рафти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони ҳамин сохтор муайян карданд, ки 10-уми декабр, соати 14 итиқоматкунандагони ноҳияи Панҷакент Зафари Соҳибназар ва Ҷовид Тошев дар бозори «Дӯстӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шаҳрвандон Зикрулло Ахмедов ва Ёсирҷон Қаҳрамонов вомехӯранд. Номбаршудагон худро харидори автомашинаҳои онҳо («Опел — Астра» бе рақами давлатӣ ва «Мерседес Бенс», рақами давлатиаш ЕН 3250 02РТ ) вонамуд мекунанд. Баъдан, бо баҳонаи додани пул онҳоро ба ҳуҷраи 28-и хонаи 7-и кӯчаи Чапаеви шаҳри Чкаловск мебаранд. Дар ҳамин хона онҳоро бо корд ба қатл расонида, як телефони мобилиро, ки арзишаш 10 ҳазор рубли русӣ аст, гирифта, ба ҷои номаълум ғайб мезананд.                Дар рафти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷӯстуҷӯии гурӯҳи махсуси кормандони милисаи ҳамин минтақа, шаҳрвандон Зафари Соҳибназар ва Ҷовид Тошев дастгир карда мешаванд.                Оид ба ин ҳодиса бо моддаҳои 104 ва 249-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Декабрь 13, 2008 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид