ДУХТАРОНИ ТОРБОЗ, ШУТУР, ХАР ВА 3 МОР ДАР СИРК БАРОМАД МЕКУНАНД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 26-уми декабр дар Сирки давлатӣ барномаи нави солинавӣ оғоз меёбад. Тавре ба АМИТ «Ховар» муовини директори Сирк Давлат Сафаров иброз дошт, барномаи имсолаи таҳиянамудаи ҳунармандони сирк васеъ буда, аз барномаи порсола ба куллӣ фарқ мекунад. Дар он баромади «Духтарони торбоз», «Тори озод», «Песр» ва баромади анъанавии «Ҷуфти гимнастҳо дар тасма», «Гимнаст дар ҳалқа», аттраксиони ҳайвонҳо ва масхарабозҳо дохил мешаванд. Барномаи мазкур бо роҳбарии директори студияи ҳунарҳои сиркӣ Ашӯр Раҷабов таҳия шудааст. Баромади «Духтарони торбоз»- ро аввалин маротиба дар таърихи сирки тоҷик танҳо духтарон иҷро менамоянд. Дар аттраксион ҳайвонҳои нав – шутур, хар ва 3 мори калон (анаконда) истифода бурда мешаванд. Ба қавли Давлат Сафаров, имрӯз ҳунармандони сиркро ҷавонон ташкил намуда, ҳамаи онҳо хатмкарда ва тарбиятгирандагони студияи ҳунарҳои сиркӣ мебошанд. Бояд зикр намуд, ки студияи мазкур аз соли 2002 фаъолият дошта, аллакай 20 мутахассис тайёр кардааст. 7-уми декабр ҳайати доварон бо роҳбарии вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ барномаро тасдиқ мекунанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






