ДУХТУРОН ДАР КУРСҲОИ ТИББИ ОИЛАВӢ МАҲОРАТИ ХУДРО ТАКМИЛ МЕДИҲАНД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Кяра Бронка ҳамроҳи гурӯҳи калони журналистон аз вилояти Хатлон боздид ба амал овард. Онҳо бо фаъолияти муассисаҳои тиббие шинос гардиданд, ки хароҷоти таъмиру тармим ва фаъолияти онҳоро Бонки ҷаҳонӣ ба зимма гирифтааст. Журналистон, аз ҷумла, бо фаъолияти маркази тиббии деҳаи Ботурободи ноҳияи Сарбанд шинос шуданд. Директори марказ Саидмурод Сайдуллоев зикр намуд, ки бинои он бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ ба куллӣ тармим карда, барои он асбобу анҷоми зарурӣ ва мебел харида шуд. Дар ин ҷо 4 духтури оилавӣ кор мекунад. Онҳо ба сокинони деҳа кӯмаки зарурии тиббӣ мерасонанд. С.Сайдуллоев зикр намуд, ки мувофиқи барномаи махсуси Бонки ҷаҳонӣ ба занони ҳомила ва дорои кӯдакони ширмак бепул дору ва витаминҳо дода мешаванд. Духтурони муоинагоҳи тиббии маҳаллаи Сахалини ноҳияи Сарбанд ба қариб 2000 нафар сокини маҳаллӣ хизмат мерасонанд. Журналистон ҳамроҳи намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар фарҷоми сафар бо фаъолияти Маркази таълимӣ ва тибби оилавии вилоят шинос гардиданд. Бинои нави марказ сеошёна буда, 68 ҷойи хоб дорад. Дар ин ҷо инчунин хонаи махсуси истироҳат, китобхона, се синфи таълимӣ, толори компютерҳо ва ошхона ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки то имрӯз дар миқёси вилояти Хатлон 115 духтур ва 156 хоҳари шафқат дар курсҳои омӯзиши тибби оилавӣ таҳсил карда, маҳорати худро такмил доданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






