ФАРОНСА БАРОИ СОХТМОНИ ТЕРМИНАЛИ НАВИ МАЙДОНИ ҲАВОИИ ДУШАНБЕ МАБЛАҒ ҶУДО МЕКУНАД
Душанбе,1 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ маросими имзои созишнома дар бораи додани қарзи имтиёзноки Хукумати Фаронса барои сохтмони терминали нави майдони ҳавоии байналхалқии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мувофиқи созишнома Ҳукумати Фаронса ба Тоҷикистон бо ин мақсад 17 миллион евро қарз медиҳад. Мӯҳлати баргардонидани қарз 35 сол буда, фоидаи солонаи он 0,15 фоиз ва давраи имтиёзноки он 20 солро ташкил медиҳад. Барномаи сохтмони майдони ҳавоӣ дар давоми ду сол иҷро карда мешавад. Маблағи қарз барои сохтмони терминали нави майдони ҳавоии байналхалқии шаҳри Душанбе сарф карда мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






