ФОИЗИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ МАВОДИ КОНТРАСЕПТИВӢ ҚАНОАТБАХШ НЕСТ
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 3 –юми декабри соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимӣ ва тиббию профилактики, роҳбарони кумитаи иттифоқҳои касабаи муассисаҳои тандурустӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва сардухтурони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006 – 2010, иҷроиши Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014, тайёрии саривақтии соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба кори самаранок ва мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008 – 2009» ва вазъи иҷозатномадиҳии фаъолияти тиббию фармасевтӣ дар солҳои 2007 ва 2008 мавриди муҳокима қарор дода шуд.Чуноне, ки зикр гардид, новобаста аз натиҷаҳои назаррас дар таъмини сатҳ ва сифати расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ оид ба солимии репродуктивӣ ва танзими оила дар муассисаҳои тандурустии мамлакат, то ҳол нишондиҳандаҳои фавти модарону кўдакон, исқоти ҳамл, таваллуд шудани кўдакон дар фосилаи камтар аз ду сол дар сатҳи баланд қарор дошта, фоизи истифодабарандагони маводи контрасептивӣ миёни занони қобили таваллуд қаноатбахш нест. Соли 2007 – 2008 Вазорати тандурустии мамлакат як қатор чорабиниҳоро дар чорчўбаи татбиқи нақшаи солимии репродуктивӣ ва танзими оила амалӣ намуд ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии КАРЕ — ИНТЕРНАТСИОНАЛ дар 5 муассисаи тандурустии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат ва Ёвон барои наврасон ва ҷавонон барои дарёфти иттилооти зарурӣ оид ба солимии репродуктивию танзими оила шўъбаҳои тиббию машваратӣ ташкил намуд. Инчунин қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст. Дар доираи татбиқи Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006 – 2010» ва «Барномаи рушди системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», бо иштироки мутахассисони системаи омор ва иттилооти тиббӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд бо дастгирии Лоиҳаи ЗдравПлюс ва Маркази татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ) дар мавзўи «Пурзўр намудани системаи иттилоотии идоракунии сохтори госпиталӣ» семинарҳои омўзишӣ гузаронида шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






