ФОНДИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАЗОҚИСТОН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕКУНАД
Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар» — «Казахстан сегодня»). – Сафири кабири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абӯтолиб Аҳмадов зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки Фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон аз 1 январи соли 2009 ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ба қавли сафир, Қазоқистон бо Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва пеш аз ҳама дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду миёна ҳамкорӣ хоҳад кард, гуфт сафир. Вай ёдовар шуд, ки Фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон тибқи паймони президентҳои ҳар ду мамлакат бунёд карда шудааст. Маблағи сармояи ибтидоии он сад миллион доллари ИМА мебошад. Ҳадафи ташкили бунёд гузоштани сармоя барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Дипломат дар бораи коргарони муҳоҷири тоҷик сухан ронда, афзуд, ки Қазоқистон ба истифодаи онҳо дар сохтмони иншоотҳои калон, аз ҷумла, газопроводҳо ва роҳҳои мошингард манфиатдор аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






