ФУРӮШИ БЕШ АЗ 21 ТОННА ОРД МАНЪ КАРДА ШУД
Кӯлоб, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар 11 моҳи соли ҷорӣ Раёсати минтақавии Агентии «Тоҷикстандарт» дар Кӯлоб 600 ташхису санҷиши маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ гузаронид. Дар натиҷа, 38 ҳолати ҷавобгӯ набудани маҳсулот ба меъёрҳои қабулшуда ошкор гардид. Тавре сардори Раёсати мазкур Рустам Неъматов иттилоъ дод, дар Кӯлоб фурӯши беш аз 21 тоннаву 487 килограмм орди барои истеъмол номувофиқ манъ карда шуд. Бояд зикр намуд, ки аз оғози сол дар нуқтаҳои савдои минтақа фурӯши 895 кило равғани пахта, 300 кило шакари худсохт, 270 кило маҳсулоти қаннодӣ, 100 кило маҳсулоти ширӣ, 260 кило макарон, 90 кило ҳасиб, 70 кило чойи хушк ва беш аз 200 декалитр машруботу дигар нӯшокиҳо манъ карда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






