«ГАНҶ» — ХОҶАГИИ БЕҲТАРИН ДАР БАДАХШОН

Декабрь 26, 2008 12:56

            Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар асоси ҷамъбасти ҳосили маҳсулоти хоҷагиҳҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и вилоят, хоҷагии деҳқонии «Ганҷ»-и ноҳияи Рӯшон беҳтарин хоҷагӣ эътироф карда шуд. Хоҷагии деҳқонии «Ганҷ» мисли дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия замини зиёд надорад, аммо самаранок истифода бурдани замини деҳқонӣ ба он оварда расонид, ки ҳосили ҳама намудҳои зироат, сабзавот ва полезӣ барзиёд иҷро карда шавад. Хоҷагии мазкур танҳо аз 1 га замини картошка 40 тонна ҳосил ба даст оварда, онро дар бозори шаҳри Хоруғ бо нархи 1 сомонию 40 дирам ба савдо бароварда, 44 ҳазор сомонӣ фоида дид. Нақшаи сабзавоту полезӣ низ барзиёд иҷро гардид.

Декабрь 26, 2008 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар