ГЕНЕРАЛ АБДУРАШИД ДӮСТУМ БА ТУРКИЯ ФИРОР КАРД
Кобул, 16 декабр. (АМИТ «Ховар» — «Немецская волна»). – Тибқи хабарҳои аз Кобул расида, генерал Абдурашид Дӯстум ғайричашмдошт Афғонистонро тарк намуда, ба Туркия рафтааст ва дар ин ҷо аз мақомоти ин мамлакат паноҳгоҳи сиёсӣ дархост намудааст. Хабари мазкурро дафтари матбуоти президенти Афғонистон, ёвари Дӯстум — роҳбари ҳозираи ҳизби «Ҷунбиши миллӣ» ва сафорати Афғонистон дар Анқара тасдиқ намуданд. Тавре ки маълум аст А. Дӯстум то вақтҳои охир сардори ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон буд. Вале президент Ҳамид Карзай баъди огоҳиҳои сершумор ӯро аз ин вазифа барканор сохт. Прокуратураи генералӣ нисбати Дӯстум парвандаи ҷиноӣ оғоз кард. Рӯзи дуюми фирори Дӯстум дар пойтахти Афғонистон дар назди бинои намояндагии СММ гирдиҳамоии серодам баргузор гардид. Ҷамъомадагон аз мақомоти муҳофизи қонуни мамлакат талаб карданд, ки Абдурашид Дӯстум ва қумондонони дигар барои ҷиноятҳояшон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Яке аз иштирокчиёни гирдиҳамоӣ Зуҳал ба хабарнигорон гуфт, ки садҳо нафар одамон дар натиҷаи бераҳмиҳои ҷинояткорони ҳарбӣ ба ҳалокат расидаанд. Мо талаб мекунем, ки ҳамаи гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Корманди намояндагии СММ дар Кобул Нилоби Мубориз зикр намуд, ки иҷрои талаботи ҷамъомадагон ва ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни ҷиноятҳои мансабдорони ҳарбӣ вазифаи созмонҳои байналхалқӣ мебошад. Муҳаққиқони афғон фирори Дӯстумро шарҳ дода, менависанд, ки президент Ҳамид Карзай ӯро ба ҷавобгарӣ кашида натавонист. Ба ақидаи муҳаққиқ Воҳиди Мужда, президенти мамлакат бояд дар чунин вазъият фишори давлатҳои хориҷиро бартараф сохта, мувофиқи қонун амал карда, Дӯстумро ба маҳкама мекашид. Аммо ин тавр нашуд. В. Мужда афзуд, ки дар Афғонистон на танҳо Дӯстум, балки бисёр мансабдорон ва қумондононро барои ҷиноятҳои ба муқобили халқ содирнамудаашон ба ҷавобгарӣ кашидан лозим аст. Ин қумондонон ва мансабдорон дар ҳукумат ва парлумон вазифаҳои баландро ишғол намудаанд, гуфт вай.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






