ГУРУҲИ АВВАЛИНИ ЗОИРИНИ ТОҶИК БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

Декабрь 17, 2008 14:37

              Душанбе, 17 декабр.(АМИТ» «Ховар», Марзия Саидова).- 17-уми декабр баъд аз зуҳд, аниқтараш соати 14-30 дақиқа тайёраи «Боинг 737-200» бо хатсайри 4114 Ҷидда -Душанбе ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд меояд, ки дар дохилаш 360 нафар зоири тоҷик қарор доранд. Зоирини тоҷик баъди тавофи хонаи Каъба ба ватан бармегарданд.                          Тибқи иттилои сармутахассиси Раёсати ташкилотҳои динии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзо Бобокалонов, бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба ватан бо 15 хатсайр — 11 хатсайри Ҷидда -Душанбе ва 4 хатсайри Ҷидда -Хуҷанд сурат мегирад. Бозгашти зоирини тоҷик дар рӯз ва вақти гуногун, аз ҷумла хатсайри Ҷидда -Душанбе аз 17 то 28 ва Ҷидда — Хуҷанд рӯзҳои 29-30-юми декабр ҷараён мегирад.                           Бояд тазаккур дод, ки соли равон ба зиёда аз 5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон имкон даст дод, то ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф гарданд.

Декабрь 17, 2008 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид