ГУЗАШТАН БА МТС-ҲО АЗ ЗАРУРАТ АСТ, Ё ЗӮРОМАД?
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ боиси таллаю тороҷ шудани техникаи кишоварзӣ гардид. Соли 2007 шумораи умумии тракторҳои қобили истифода 11 ҳазору 14 адад ва дар соли 2008 10 ҳазору 89 ададро ташкил дод. Бо мақсади қонеъ кардани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамасола заминҳои нав ба кор дароварда мешавад, аммо на дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тракторҳои шудгоркунанда ба таври кофӣ мерасанд. Баҳри таъмини хоҷагиҳо бо техника, дар ҷумҳурӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» таъсис ёфт. Тавассути корхонаи навтаъсис дар ноҳияи Рашт бо 8 трактори шудгоркунанда МТС ташкил карда шуд, ки нархи кирояи онҳо ду баробар нисбат ба тракторҳои соҳибкорони хоҷагиҳо арзон аст. Соли 2009 барои таъмини бештари техника дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бояд дар асоси маблағи пешпардохт ба МТС техникаи кишоварзӣ ворид гардад. Ташкили МТС дар шароити имрӯза роҳи дурусти пешбурди хоҷагиҳо мебошад,- иброз дошт раиси ноҳия М. Толибов ба мухбири АМИТ «Ховар».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






