ГУЗАШТАНИ МУОИНАИ ТИББӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАЛЛИ ХУДРО МЕЁБАД

Декабрь 22, 2008 16:44

                  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Рӯзҳои 23-24-уми декабри соли 2008 дар шаҳри Москва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузории ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони ФР дар ҶТ ба нақша гирифта шудааст.                 Дар ҷаласаи мазкур сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ оид ба муҳоҷират дар ФР С. Ҳасанов, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ Ш. Усмонова ва ҳуқуқшиноси Вазорати тандурустии ҶТ Р. Маҳмудов иштирок менамоянд.                 Тавре, ки маълум шуд, агар ин Созишнома ба имзо расад, барои муҳоҷирони меҳнатии мо проблемаи асосӣ, яъне гузаштани муоинаи тиббӣ дар ҶТ қабл аз сафар ба Федератсияи Россия ҳалли худро меёбад.  

Декабрь 22, 2008 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид