ХАТМКУНАНДАҲОИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ДОНИШҶӮ МЕШАВАНД
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти мудири маорифи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Айдибек Қадамалиев, сол аз сол беҳ шудани вазъи иқтисодии омӯзгорон ба сифати таълим таъсири мусбат расонид. Шумораи хонандагони Ишкошим, ки тариқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, нисбат ба ноҳияҳои дигари Бадахшон зиёд аст. Аз соли 1997 то соли хониши 2008 168 хонанда тибқи квота ба мактабҳои олӣ дохил шуд. Дар назди мактаби рақами 2-и ноҳия мактаб-интернат барои бачагони болаёқат ташкил шуд. Боиси зикр аст, ки дар соли таҳсили 2008-2009 аз 20 нафар хатмкунандаи ин мактаб-интернат 17 нафарашон ба мактабҳои олии кишвар дохил шуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






