ХОҶАГИИ БЕБАРОР БО ДАСТГИРИИ СОҲИБКОР ФОИДА ОВАРД

Декабрь 31, 2008 08:46

          Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хоҷагии деҳқонии «Файзобод» дар деҳаи «Бирлик»-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар ба соҳаи пахтакорӣ машғул аст. Хоҷагӣ ду сол пайи ҳам нақшаи пахтасупории худро иҷро накард. Сарвари хоҷагӣ Маҳмадалӣ Наимов барои аз ин ҳолати ногувор баромадан аз соҳибкор Маҳмадсаид Султонов кӯмаки молиявӣ пурсид.         Соҳибкор баъди шиносоӣ бо корҳои хоҷагии деҳқонии «Файзобод» сарвари хоҷагиро бо маблағ таъмин намуд. Хоҷагӣ баъди маблағгузории соҳибкор Маҳмадсаид Султонов, корҳои агротехникии пахтаро хуб ба роҳ монда, ҳосили фаровони пахта ба даст овард. Дар мавсими охир аз замини хоҷагӣ 293 тонна пахта ҳосил ба даст оварда шуд.         Маблағи қарзи соҳибкор сари вақт баргардонида шуд. Соҳибкор Маҳмадсаид Султонов тасмим гирифтааст, ки соли 2009 ҳам хоҷагии «Файзобод»-ро сармоягузорӣ намояд.

Декабрь 31, 2008 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид