ХОНА ОТАШ ГИРИФТУ СОҲИБХОНА БА ҲАЛОКАТ РАСИД
Кӯлоб, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар арафаи Соли Нав масъулини Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ истифодаи дурусти асбобоҳои барқӣ ва васоити дар арчаи солинавӣ истифодшавандаро мефаҳмонанд, ки ин бесабаб нест. Тибқи иттилои капитани Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб Аъзам Давлатов, шаби 21-уми декабри соли 2008 хонаи истиқоматии рақами 239-и кӯчаи Фирдавсӣ оташ гирифта, бар асари ин ҳодиса соҳибхона Раҷабалӣ Зокиров ба ҳалокат расид. Тафтиши сабабҳои фавти шаҳрванд ҳоло ҳам идома дорад. Сардори Хадамоти оташнишонии Кӯлоб Фаррух Ҳалимов мегӯяд, ки дар соли 2008 шумораи ҳодисаҳо нисбат ба соли 2007 коҳиш ёфта, ба 24 адад расидааст. Зиёне, ки аз ин ҳодисаҳо ба буҷаи давлат расидааст, 47 ҳазору 146 сомониро ташкил медиҳад. Тайи як сол нисбати шаҳрвандон 152 парвандаи маъмурӣ ва ду парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ба миқдори 8 ҳазору 755 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. — Дар арафаи Соли Нав ташвиши масъулинро истифодаи маводи пиротехникӣ, аз қабили «хлопушка» зиёд мекунад. Тариқи рейдҳои махсус то имрӯз қариб ҳашт ҳазор адад маводи пиротехникии истифодаашон мамнӯъ мусодира карда шуд,- гуфт Фаррух Ҳалимов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






