ИМЗОИ ҲУҶҶАТҲОИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Украина давом дорад. Дар ҷараёни он силсилаи ҳуҷҷатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар имзо карда мешаванд. Аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯз дар пойтахти Украина Созишномаи ҳамкории Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва Созишномаи ҳукуматҳои хар ду мамлакат дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш имзо карда шуданд. Ин ҳуҷҷатҳоро аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат Маликшо Неъматов имзо кард.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






