ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ТАРМИМУ ТАҶДИДИ ТАҶҲИЗОТИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ НОРАК

Декабрь 26, 2008 14:47

           Душанбе,  26  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). – Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Бонки  рушди  Осиё  имрӯз   дар  бораи  иваз  кардани  асбобу  анҷом  ва  таҷҳизоти   фарсудашудаи   таъминоти   қувваи  барқи  Тоҷикистон   созишнома  имзо  карданд. Бонки  рушди  Осиё  барои  иҷрои  созишнома  ба  Тоҷикистон  ба  маблағи  54,77   миллион  доллари  ИМА  кӯмак  мерасонад. Ин  маблағ  барои   тармиму  таҷдиди  таҷҳизоти   тақсимкунандаи  барқи  500 киловолтаи  Нерӯгоҳи  барқи  обии  Норак сарф  карда  мешавад. Ҳамчунин  бинои   тақсимкунандаи  қувваи  барқи  нерӯгоҳ   ба  ҷойи  бехавф  кӯчонда  хоҳад  шуд. Саҳми  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва   Ширкати «Барқи  тоҷик» дар  иҷрои  созишнома 12,1   миллион  доллари  ИМА – ро  ташкил  медиҳад.  Созишнома  дар  давоми  5  сол   иҷро  карда  мешавад. Онро   вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сафаралӣ  Наҷмиддинов,   раиси  ширкати «Барқи  тоҷик» Шарифхон  Самиев  ва  намояндаи  доимии  Бонки рушди  Осиё  дар  Тоҷикистон  Макото Оҷиро  имзо  карданд.

Декабрь 26, 2008 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид