ИНШООТ ПЕШ АЗ МӮҲЛАТИ ЛОИҲА МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

Декабрь 12, 2008 12:27

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Лоиҳа аз ҷониби Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон ҷиҳати татбиқи барномаи «Фондҳо барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураи ҷамоавӣ» иҷро гардид. Бояд тазаккур дод, ки иншоот 2,5 моҳ пеш аз мӯҳлати лоиҳа мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмончиён дар бунгоҳ шабакаҳои гармидиҳӣ ва хунуккуниро пешбинӣ намудаанд, ки дар фаслҳои зимистону тобистон ҳарорати мӯътадили ҳаво дар утоқҳои корӣ таъмин мегардад. Ғайр аз ин, бо фарорасии мавсими сармо БМИМТ бунгоҳи тиббиро бо маводи сӯхт (ангишт) таъмин менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки деҳаи Янгиобод соли 1972 таъсис ёфта, аз ҷамоати Ғаллаобод дар масофаи 15 км. ва аз маркази ноҳия дар масофаи 18 км. ҷойгир аст. Ин деҳаро «6-ум насос» ҳам ном мебаранд. Деҳа аз 184 хоҷагӣ иборат буда, аҳолии он 1486 нафарро ташкил медиҳад. Азбаски деҳа аз маркази ноҳия дар масофаи дур воқеъ аст, табиист, ки мушкилиҳо ҳастанд. Яке аз ин мушкилиҳо – ба талабот ҷавобгӯ набудани нуқтаи хизматрасонии тиббӣ мебошад, ки ҳайати кормандони он аз ду нафар: духтур ва ҳамшираи тиббӣ иборат аст. Ин нуқтаи хизматрасонӣ, ки соли 2005 таъсис ёфтааст, дар вагон ҷойгир шуда буд ва барои хизматрасонӣ шароити мусоид надошт. Мардуми деҳа танҳо кӯмаки аввалияи худро дар ҳамин бунгоҳ мегирифтанд. Сокинони деҳа дар аксар мавридҳо аз хизмати беморхонаи марказии ноҳия истифода мебурданд, ки на ҳама чунин имкониятҳоро доштанд.

Декабрь 12, 2008 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид