ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР БО ДАСТИ КОРГАРОНИ ВАТАНӢ БУНЁД ХОҲАД ШУД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгипроспецстрой» Илҳомиддин Комилов, дар ибтидои соли 2009 сохтмончиёни нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» корро дар минтақаи сохтмон аз тоза кардани таҳкурсии пешдевори Вахш оғоз менамоянд. Ҳоло дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бештар аз 40 ширкату корхонаҳои хурду бузург машғули коранд. Кори асосӣ ба дӯши пудратчии асосии сохтмон — Ҷамъияти саҳомии «Роғунгесстрой» вогузор шудааст. Дар сохтмон кор дар ду баст давом дорад. Дар сурати маблағгузории пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, сохтмони ин иншооти бузурги аср сари вақт бо дасти муҳандисону коргарони ватанӣ бунёд хоҳад шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






